БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

НАШЪАМАНДӢ АЗ АМАЛҲОИ ЗИШТУ НАНГИН АСТ!

КӮЛОБ. Дар доираи Соли баланд бардоштани масъулияти шаҳрвандӣ. Имрӯзҳо дар қатори терроризму экстремизм, нашъмандиву нашъҷаллобӣ низ авҷ карда, шахсоне, ки ба ин корҳо даст мезананд хеле зиёд аст ва ин масъалаи глобалии тамоми ҷаҳониён гаштааст.

Доир ба ин масоил дар ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Дониш” мулоқот гузаронида шуд.

Дар ҷараёни вохӯрӣ масъулини ҳизбӣ  баромад карда, изҳор намуданд, ки табақаи аз ҳама заиф наврасон мебошанд, чунки оид ба хавфнокӣ ва зарари нашъа кам медонанд, ё умуман маълумот надоранд. Нашъмандиро вабои аср унвон намуданд, ки бесабаб нест ва ҷомеаи моро низ ин маризӣ заиф мегардонад.

Ҳамзамон гуфта шуд, ки аз тарафи Роҳбари давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои сайқал додани донишҳои худ, такмил додани ихтисос ва соҳибкасб гардидани ҷавонон дар баробари ин барои солимии ҷомеа майдончаву толорҳои варзишӣ, бо тарзи муосир сохта ба истифода дода мешаванд. Мутаассифона бархе аз ҷавонони мо аз чунин шароитҳои муҳайёшуда истифода набурда, даст ба корҳои номатлуб, аз қабили нашъамандию нашъаҷаллобӣ, майнӯшӣ, қаллобӣ ва дигар амалҳои ношоиста ба ҳамин монанд даст мезананд. Ин амалҳо дар ҷомеаи мо доғи рӯз мебошанд. Фаъолони ҷомеаро зарур аст, ки канораҷӯи накарда, дар қатори дигар мақомоту сохторҳои дахлдор садди роҳи чунин корҳои нангин гардида, барои тарбияи насли ҷавони ҷомеа дар руҳияи ифтихор аз Ватану миллат ва гиромӣ доштани арзишҳои муқаддаси Ҷумҳурии Тоҷикистон саҳми муносиби худро гузошта бошанд.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg