БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ТАЪРИХ ХИЗМАТИ ФАРЗАНДОНИ БАНОМУСРО ФАРОМӮШ НАМЕСОЗАД

ҚУБОДИЁН. Дар доираи Соли баланд бардоштани масъулияти шаҳрвандӣ.  Бо мақсади  дастгирии  оилаҳои шахсоне, ки дар роҳи барқарорсозии сулҳу суботи кишвар  ҷони худро нисор намудаанд дар доираи амалигардонии Аксияи ҳизбӣ таҳти унвони “Якҷоя ҳал мекунем!”  бо дастгирии  ташкилоти ибтидоии  Ҷамоати деҳоти ба номи Носири Хусрав ба оилаи Қодировҳо кумаки моддӣ расонида шуд.

Фарзанди Қодиров Тӯхта, Норимбекзода Фаридун  ҳангоми  адои хизмат дар сафи Қувваҳои Муссалаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон соли 2010 дар воқеаҳои  водии Рашт   ҷони худро бохтааст.

Дар рафти вохӯрӣ модари ғамгусор аз иқдоми пешгирифтаи Кумитаи иҷроияи ноҳиявии ҳизб ва ташкилоти ибтидоии мазкур барои пос нигоҳ доштани номи неки фарзандаш Норимбекзода Фаридун изҳори миннатдорӣ намуда, шукргузорӣ аз давлати тинҷу ором ва сиёсати ғамхоронаи Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон намуд.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg