БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

Саҳначаи нави наҳзатиён дар нишасти САҲА бо номи “НАҲЗАТИЁН АРӮСАКОНЕАНД, КИ АЗ ТОРИКӢ НАМЕТАРСАНД”!

ВОКУНИШ. Як гурӯҳи террорист, ки аз худ “мухолифин” метарошанд, мисли арӯсакон (мардум лухтакро арӯсак ҳам мегӯяд) дар сари ангуштони САҲА мечарханд. Фикр мекунанд, ки онҳо баргузидаи САҲА ҳастанд, аммо ин созмон аз ҳар кишваре даҳҳо чунин арӯсакҳое дорад, ки дар ин хел нишастҳо бо даллагии худ бозори ин созмонро гарм кунанд. Ин даллаҳои наҳзатӣ ҳам байни худ чанд мавзӯъро алайҳи давлати Тоҷикистон тақсим карда, матнро чунон қориазёд намудаанд, ки дар тасаввурашон хоҷагони хориҷӣ аз онҳо умедҳои бисёр доранд. Дар ин нишаст як ҷавонеро ҳам дар назди микрафон шинонда чанд луқмаеро ба даҳонаш хоида мондаанд... Ӯ ҳам мегӯяд, ки падарам Муҳаммадалии Ҳайит ҳарчанд, чун ман ҳазорҳо ҷавонони тоҷикро ятим карда, падаронашонро кӯштааст, аммо беҳтарин падари рӯи дунёст ва нагузоред дар зиндон бипусад, чунки ният дошт соли 2015 ҳазорон ҷавони дигарро ятим созад ва ин нияташро оянда амалӣ карданист...

Масхарабозони САҲА бо ҷобаҷогузории чанд мизу курсии дигар ва чанд лавҳаи номҳо дар рӯи мизи гирд лухтакони наҳзатиро боз тарафи дигар тоб медиҳанд. Ин дафъа бо иштироки арусаки калонашон Кабирӣ. Аз Кабирӣ гапи наве намебарояд, ба ҷуз аз ин тарафу он тараф ҷилвафурӯшӣ... Чи илоҷ, рисолати арӯсакон ҳамин аст охир... Ҷилваҳои ӯ ба ҷуз аз камераҳои радиои “Озодӣ” ва чанд сомонаи худашон, махсусан ровии филмҳои тасвириашон Муҳаммадиқболи Садриддин ба касе ҳам лозим нест. Хайр, бигзор афти хунукашро дар як-ду сомона бинаду хурсанд шавад... Боз барои зиёд хурсанд шудани худашон ҳамин ровии филмҳои тасвирӣ Муҳаммадиқбол бо фейкҳои сохтааш дар зери ин филмҳои тасвирӣ коментария монда худу Кабириро ҳазрату мулло ва мавлогуён таъриф мекунад. Ин арусаконро низ бояд дарк кард, охир арӯсакон ҳам ниёз ба як ду қанди ҳадягӣ доранд.

Охирин лаҳзаҳои ҷонкоҳии наҳзатиҳои хоин дар ин нишаст фаро расид, лаҳзае, ки таспҳо мешинад...яъне Мулло Абдураҳимро мебинанд, нафарреро, ки замоне ҳамроҳашон буду оқибат виҷдонаш набардошт ва аз халқ узр хост... Инак ӯ дар муқобилашон сангар гирифтааст... Аз ӯ метарсанд! Зеро Мулло Абдураҳим аз тамоми ҷиноятҳо ва рӯсиёҳии онҳо огоҳи дорад, бале огоҳи дорад??? Ӯ то замони тавба кардану авф шуданаш дар он ҷиноятҳо шарик ҳам буд. Маҳз ҳамин Муло Абдураҳим буд, ки бо супориши террористони наҳзатӣ махсусан, бо супориши роҳбари наҳзатиён – террористи №1-и Тоҷикистон Абдуллоҳи Нурӣ, ки бо риши дарозу дигар унсурҳои зоҳирӣ бештар ба Усома бинни Лодан тақлид мекард ва идеалаш ҳам ҳамин террористи №1-и дунё буд, ба заставаи 12-уми марзбонони Русия дар марзи Тоҷикистон бо Афғонистон ҳамлаи пурқурбонӣ анҷом дод.

Хулоса, Ҳамин Мулло Абдураҳим, ки имрӯзҳо чеҳраи манфури наҳзатиёнро фош карда истодааст, бо он ки вожаи “демократия”-ро нодуруст талаффуз кардааст, дар ин ҷо мавриди маломати наҳзатиёни ба қавли худашон “босавод” қарор гирифт. Бо ҳамин айби ёфтаашон имрӯзҳо дар шабакаҳои иҷтимоӣ ҷор зада гашта истодаанд, ки Мулло Абдураҳим “бесавод” асту “думи сагаш ҳеҷ рост намешавад”. Хайр, агар бесавод будааст, барои чӣ худи шумо наҳзатиёни бевиҷдон ӯро аз ҳисоби рӯйхати 30%-аи мухолифин ба ҳайси Раиси Хадамоти гумрук – яке аз ниҳодҳои муҳимму калидии кишвар пешниҳод карда будед?! Ҳа, ба ёд овардед?... Дар сафи худ аз Мулло Абдураҳим дида одами босаводтар барои ин мақом надоштед... Пас имрӯз қарсакҳои бардавоми айбҷӯёна барои чӣ???. Имрӯз, ки Мулло Абдураҳим тарафдори Ҳукумат аст, бесавод баромад... Аҷаб найранге! Мулло Абдураҳим ҳам бояд аз ин тоифаи ҷоҳил хафа нашавад... Алббата, ки намешавад... Шукр ҳам мегӯяд, ки аз торҳои анкабути наҳзатиёни бадҷаҳл раҳо ёфту миллати тоҷик аз доми бало наҷот пайдо кард, аммо имрӯз боз идомаи он корҳои сиёҳ...

Бозори САҲА ҳам сард мегардад... Наҳзатарӯсакон зоҳирхандону ҷигарбирён... воқеъан ҳам саҳнаҳои ноқисе бозиданд... Хайр айби онҳо чӣ? Лухтакбозон ҳамин қадар тавонистанд...

Парда фуроварда шуд... Торикӣ... инҷо дохили сандуқест, ки лухтакҳоро пас аз бозӣ дохили он гузошта, бо қулф маҳкам мекунанд, то бачаҳои дигари шавқманд гирифта бозӣ карда надаронанд... Лухтакони наҳзатӣ ҳам ба ин розианд... Якдаста будан барояшон беҳтар... Аз поргӣ кардани ҷойҳои дарида қариб шаклашон ҳам дигар шудаасту... номашон ҳам. Хайр, дигар дӯстони хоҷаашон ҳам гоҳ-гоҳе боэҳтиёт истифода баранд розианд, махсусан дар мавсими интихоботҳо... Муҳимаш аз миллаи дурбинҳо дур намонанд... Арӯсаканд охир...

Ҳамидиён Орзу – раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Кӯлоб, муовини Раиси ТҶҶ “Созандагони Ватан”.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg