БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ҶАВОНОН: МО БА ХИЗМАТИ ВАТАН-МОДАР ОМОДАЕМ!

Н.ХУСРАВ. Дар доираи Соли баланд бардоштани масъулияти шаҳрвандӣ. Бо  мақсади омодагӣ  ба  иҷрои  Фармони   Президенти  Ҷумҳурии  Тоҷикистон  аз  3  сентябри  соли  2019, таҳти № 1363   “Дар  бораи  ба  эҳтиёт  рухсат  додани  хизматчиёни  ҳарбие, ки  муҳлати  муқарраргардидаи  хизмати  ҳарбиро  адо  намудаанд” ва  даъвати  навбатии  шаҳрвандони  солҳои  таваллуди  1992-2001 Ҷумҳурии  Тоҷикистон  ба  хизмати  ҳарбӣ бахши  намояндагии    ТҶҶ  “Созандагони  Ватан”-и   ноҳияи  Носири  Хусрав  дар  майдони  бинои  Комисариати  ҳарбӣ бо  иштироки  васеи  ҷавонону наврасон   ва  хизматчиёни  ҳарбии қисми  низомии  2214 – и Қушунҳои  сарҳадии  Ҷумҳурии  Тоҷикистон  ҳамоиши ҳизбӣ  таҳти  унвони  “ Мо  ба  хизмат Ватан-Модар омодаем!”  баргузор  гардид.

Ҳамоишро  роҳбарияти Кумитаи иҷроия  ифтитоҳ  намуда  қайд  кард, ки Ватани  азизи  мо - Тоҷикистони  соҳибистиқлол хонаи  умеди  тамоми  тоҷикони  ҷаҳон  ба  шумор  меравад.  Ин  сарзаминест, ки  дар  он мо  ва  тамоми  пайвандонамон зиндагӣ  ва  умр  ба  сар  мебарем. Муҳофизати  ин  сарзамин на  танҳо  вазифаи   муқаддаси  шаҳрвандӣ, балки  қарзи  инсониву  имонӣ ва  виҷдонии  ҳар  яки  мост.

 Сипас, роҳбари бахши  ноҳиявии  ТҶҶ “Созандагони  Ватан”  зимни суҳбат гуфт, ки   мо  ҷавонон бо  ифтихормандӣ   иброз  менамоем, ки  сиёсати  хирадмандонаи  Пешвои  миллатро  пайравӣ  намуда,  дар  таҳкими  истиқлолият, пойдории сулҳу  ваҳдат, ҳимояи  манфиатҳои  миллӣ  ва дифои  марзу  буми  он  бо  аклу  заковати  баланд  ба   хизмати ҳарбӣ рафта,  дар  сафи Қувваҳои  Мусаллаҳи  Ҷумҳурии  Тоҷикистон   хизмат  менамоем.  

Дар охир аз  ҷониби  кормандони  бахши  фарҳанг  барномаи  рангини  консертӣ пешкаш  карда шуд.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg