БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ҲАДАФ РЕШАКАН КАРДАНИ ОМИЛҲОИ НОМАТЛУБ!

ТЕМУРМАЛИК Ба истиқболи сазовори ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатӣ.  Дар ташкилоти ибтидоии деҳаи “Ойишабулоқ”-и  ноҳияи Темурмалик  оид ба самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҳизбӣ ва роҳҳои татбиқи Аксияи ҳизбии  ”Якҷоя ҳал мекунем!”  ҳамоиши ҳизбӣ гузаронида шуд. 

Дар рафти  мулоқот  нахуст,  суҳбат  атрофи ба вуҷуд овардани мафкураи зиддикорупсионӣ дар миёни аҳолӣ, ҳамкории онҳо  бо мақомотҳои давлатӣ дар самти ошкор намудани ҷиноятҳои хусусияти иқтисодидошта, инчунин, пешгирии ҷавонон аз шомилшавӣ ба ҳизбу ҳаракатҳои ифротӣ сухан рафт. Сипас, оид ба ташаббуси навбатии Пешвои миллат,  Раиси муаззами ҲХДТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба фаъолият оғоз кардани чархаи дуюми НОБ-и Роғун   андешаҳо изҳор гардиданд.

Дар фарҷом дар доираи  татбиқи қисмати амалии Аксияи ҳизбии 

«Якҷоя ҳал мекунем!» роҳи  муассисаи  таълимӣ, ки таъмирталаб буд, аз ҷониби сокинони бонангу номуси маҳал сангфарш  карда шуд. 

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg