БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ТЕРРОРИЗМУ ЭКСТРЕМИЗМ: ХАТАРИ ХАВФНОК ДАР ҶОМЕА

НОРАК.  Дар доираи Соли баланд бардоштани масъулияти шаҳрвандӣ. Дар ташкилоти ибтдоии “Кибил”  Аксияи ҳизбӣ таҳти унвони “Якҷоя ҳал мекунем!” ва хониши сиёсӣ оид ба самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ  доир гардид.

Дар қисмати амалии чорабинӣ аз ҷониби аъзои ташкилоти ибтидоии мазкур  фарши толори варзишии муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №7 таъмир ва азнавсозӣ карда шуд, ки аз ин ин иқдоми  ватандӯстона омӯзгорони  муассисаи таълимӣ миннатдории хешро баён доштанд.  

Сипас, намояндагони ҳизбӣ атрофи пешгирӣ аз шомилшваии ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои ифротӣ, қонунҳои амалакунандаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, пешгирӣ аз бемориҳои сироятӣ сухан гуфта,  қайд намуданд,  ки вақтҳои охир мову шумо шоҳиди падидаҳои манфии иҷтимоӣ, аз қабили ифротгароии ҷавонон мешавем. Ин тамоюл бешак мардуми ватандӯст, бахусус қишрҳои солимфикру пешоҳанги ҷомеаро бетараф гузошта наметавонад, зеро ин мушкилиест, ки миёни ҷавонон то андозае маълум буда, ҳалли дурусту оқилона ва саривақтиро тақозо дорад.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg