БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ТЕРРОРИЗМУ ЭКСТРЕМИЗМ ХАТАРИ ҶИДДӢ БА ҶОМЕА МУОСИР

КӮШОНИЁН. Дар доираи Соли баланд бардоштани масъулияти шаҳрвандӣ. Бо иштироки намояндагони ҳизб дар ташкилоти ибтидоии “Ибни Сино”- и Ҷамоати шаҳраки Исмоили Сомонии ноҳияи Кӯшониён вохӯрӣ баргузор карда шуд, ки дар он масъулин оид ба самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ андешаронӣ карданд.

Масъулин дар суҳбат  дар бораи хавфу хатарҳои терроризму экстремизм суханронӣ карда, қайд намуданд, ки терроризм дар замони мо хусусияти ҷаҳонӣ касб карда, ҳизбу ҳаракатҳо ва созмонҳое хастанд, ки кӯшиш менамоянд, то мақсаду маром, ғояву андеша, афкор ва нақшаҳои ғаразноки худро бо ҳар роҳу васила ва ҳатто бо усулҳои ғайриинсонӣ амалӣ намоянд ва ба ин васила кишварҳои ободу пешрафтаро ба харобазор табдил диҳанд.

Дар охир ба 8  нафар аъзои нав, ки барои пайвастан ба сафи ҲХДТ ариза пешниҳод намуда буданд, ба онҳо шаҳодатномаҳои ҳизбӣ супорида шуд.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg