БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ЭЪЛОНИ СОЛҲОИ РУШДИ ДЕҲОТ, САЙЁҲӢ ВА ҲУНАРҲОИ МАРДУМӢ ДАР БОЛО БУРДАНИ САТҲИ ЗИНДАГИИ МАРДУМ МУСОИДАТ ХОҲАД КАРД

КӮЛОБ. Дар доираи Соли баланд бардоштани масъулияти шаҳрвандӣ. Бобати самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҳизбӣ дар ташкилоти ибтидоии “И. Сомонӣ-3” бо аъзо ва ҷонибдорони ҳизб мулоқот роҳандозӣ гардид.

Зимни ин вохӯрӣ масъулин  иброз доштанд, ки дар партави иқдомҳои бунёдкоронаи Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мардуми шарафманди тоҷик ба корҳои созандагиву бунёдкорӣ камари ҳиммат бастанд, ки ин ҷараён то кунун дар тамоми гӯшаву канори мамлакат босуръат идома дорад. Ба хотири арҷгузорию қадрдонӣ ба заҳматҳои мардуми ҳунарманду чирадаст ва муаррифии хиттаҳои биҳиштосои Тоҷикистони азиз Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон солҳои 2019-2021 –ро “Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ” эълон доштанд, ки ин ташаббуси нек барои ҷалби бештари сайёҳону сармоягузорони дохилию хориҷӣ ба рушди бахшҳои мавриди назар мусоидат карда, дар боло бурдани сатҳи зиндагии мардум, бахусус ба шуғл фаро гирифтани бонувони тамоми минтақаҳои кишвар  ба таври умдаю амиқ таъсиргузор мебошад.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg