БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

АЪЗОИ ҲХДТ ДАР ФАЪОЛИЯТИ ХУД ИБРАТБАХШИ ДИГАРОН МЕБОШАНД

 ХОВАЛИНГ. Дар доираи Соли баланд бардоштани масъулияти шаҳрвандӣ. Аъзои ташкилоти ибтидоии “Кӯлдара” ба хониши сиёсие, ки дар он  самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ тарғиб гардид,  фаъолона иштирок намуда,  аз баромади намояндагони ҳизбӣ  дар бораи пешниҳодҳои   Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон - Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ эълон гардидани солҳои 2019 – 2021,  ҳадафи чоруми стратегии давлат - саноаткунонии босуръати кишвар, зарурат ва аҳамияти истифодаи сарфакоронаи нерӯи барқ, хатари афзояндаи терроризму экстремизм, пешгирии амалҳои ношоиста ва зараровар ба мисли гаравидан ба ҳизбу ҳаракатҳои террористӣ, хурофотпарастӣ, бегонапарастӣ ва майл ба фарҳанги бегона, нашъмандию нашъаҷалобӣ, коррупсия, бемориҳои сироятӣ, маълумоти зарурӣ пайдо намуданд.

Сипас, дар асоси Аксияи ҳизбии “Якҷоя ҳал мекунем!” бо дастгирии  соҳибкор, узви фаъоли  ҲХДТ Қарахонов Неъмат  ба оилаи ниёзманди ҷомеа Ғазалова Меҳрӣ ба миқдори муайян кумаки молиявӣ  расонида шуд.

   

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg