БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ВАТАН АЗ ШУМО БАРИН «ФАРЗАНДОН»-И БЕНАНГУ БЕНОМУСУ ВАТАНФУРӮШИ РӮСИЁҲУ ИҒВОАНГЕЗ БЕЗОР АСТ!

ВОКУНИШ. Муҳиддин Кабирӣ, Муҳаммадиқболи Садриддин, Темур Варқи ва дигар наҳзатиёни хиёнаткор, пеш аз суханони носазоро гуфтан шумо фикр накардед, ки худи шумо чанд сол аст, ки дар ин «вазифаҳои пурмасъулият» - хиёнатпешагонва сангпартоёни ашадии миллату давлати тоҷик ҳастед, оё шумо бӯ нагирифтаед, оё шумо дар вазифаи ишғолкардаатон ҳамчун либосе, ки шумо гуфтед, фарсӯда нашудед. Шумо бо «Паймони ғайри милллии» таъсис додаатон дар либоси навед, не шумо ҳамон шахсоне ҳастед, ки мехоҳед боз бар сари миллати тоҷик ҷанг биоред. Мақсаду мароми ҲНИ, «Анҷумани озодандешони тоҷик» ва «Паёми миллӣ» ба миллат ва Ватан аён аст. Шумо агар сад ном тағйир кунед ҳам, ҳамон хоинони Ватан ҳастед.

Ҳар як шаҳрванди кишвар ва ҳар як фарди миллатдӯсту бедордили тоҷик, ки дар қалби хеш фақат як орзу мепарварид: ин сулҳу салоҳ буд ва имрӯз миллат дар фазои осоишта, ваҳдату ҳамдилӣ умр ба сар бурда истодаанд, мо намегузорем, ки амалҳои нопоки шумо ҷомаи амал пӯшад, тафаккури созандаву иродаи шикастнопазир, фитрати баланду ваҳдатпарвари азалии мардуми мо ҳаргиз иҷозат намедиҳад, ки номи Ватан ва номи Президент аз ҷониби як гурӯҳ носипосон паст карда шавад. Зеро мардуми тоҷик, имрӯз зарурати пойдории ваҳдати миллӣ ва ҳифзи якпорчагии давлати миллиро беш аз пеш дарк намудаанд.

Миллат ҳеҷ гоҳ гуноҳи шуморо намебахшад, дасту бадани шумо бо хун олудааст. Шумо ғайр аз иғвоангезӣ, туҳмату ҷангҷӯӣ дигар коре надоред, на хонаву дар дореду на Ватан. Ватан аз шумо барин «фарзандон»-и бенангу беномусу ватанфурӯши дилсиёҳу рӯсиёҳу иғвоангез безор аст.

Шумо дар ғарибӣ “Гуё” дар ёди Ватан, дар ёди зану фарзанд, ёру дӯст бо ғаму ғуссаҳои зиёде овораю сарсон мегардед, ва аз минбари созмонҳои байналмилалӣ ҷоғ мезанед, ки мо ҷабрдидаему дар пайгард қарор дорем, аммо ба доди дили шумо ҳеҷ давлату созмоне намерасад. Умри дурӯғ кутоҳ аст.

Шуморо оҳи дили модарони писаргумкадаи тоҷик гирифтааст, шуморо нону намаки Тоҷикистон кӯр кардааст, Ватан аз чунин фарзандони нохалафи дастони пурхуну пургуноҳ безор аст. Гуноҳи шуморо миллат ва Ватан намебахшад.

Шумо барои миллат ва ватан чӣ кор кардед, ки миллату давлат ёдатон кунад. Шумо барои миллату Ватан як лилаки шашум ҳастед, ки аз будани он шарм медоранд.

«Номуҳтарам» Темур Варқа, ту ба кадом забон ба ҳаммаслаконат гуфтӣ, ки :- «Не назавите Эмомалӣ Раҳмона Президентом». Агар Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар назди шумо 4-5 нафар бе сарупо Президент набошад, дар назди зиёда аз 9 миллион аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун Пешвои миллат ва Президент дӯстору маҳбуб аст.

Ба ёд гиред, Эмомалӣ Раҳмон фарзанди содиқи миллат аст, фарзанди фарзонаи миллат аст. Номи вай дар саҳфаҳои таърих бо хати заррин сабт шудааст, номи ӯ дар дилу дидаи миллат ҷой гирифтааст. Ҳатто дар забони кӯдакон калима ва ибораҳои Президени ман, Пешвои муаззами миллат, Ҷаноби Олӣ, Бобои мо, Падари миллат, Ҳомии мо бо хушнудӣ садо медиҳанд.

Ии боғу бӯстон, ин гулу гулзори шаҳру ноҳияҳо, ки ба шаҳр ҳусну зеб мебахшанд ва бӯйи муаттаре паҳн менамояд, ин бӯйи Президент аст, ин рӯшноие, ки хонаҳоро равшан мекунад, ин нури вай аст, ин хонаҳои бисёрошёнае, ки ба ҳусни шаҳр ҳусн мебахшад, ин симои вай аст.

Эмомалӣ Раҳмон- Пешвои миллат ҳаст ва Пешои миллат мемонад!

Халқи тоҷик бо чунин Пешвои худ ҳазорсолаҳо ифтихор мекунад!

 

Бердӣ Валиев,

собиқадори меҳнат,

 аъзои фаъоли ҲХДТ

дар шаҳри Левакант

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg