БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

АКСИЯИ ҲИЗБӢ БО ДАСТГИРИИ СОКИНОН АМАЛӢ ГАШТА ИСТОДААСТ

ШАҲРИТУЗ.  Дар доираи Соли баланд бардоштани масъулияти шаҳрвандӣ. Дар ташкилоти ибтидоии “Хокак”-и  ҷамоати деҳоти ба номи Худойназар Холматови ноҳияи Шаҳритуз хониши сиёсӣ баргузор гардид.

Дар вохӯрӣ аз ҷониби  масъулини ҳизбӣ  дар бораи самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҳизб, дастигирии оилаҳои ниёзманди ҷомеа, пешгирии  шомилшавии ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои ифротӣ, ҷалби ҷавонони синни даъватӣ  ба сафи Қувваҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва истиқболи сазовори ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатӣ иброз андеша карда шуда,  чанде аз ҷамъомадагон суолу дархостҳои  хешро роҷеъ ба масъалаҳои  болозикр пешниҳод  намуда, аз ҷониби  масъулин  ҷавобҳои мушаххас гирифтанд.

Дар қисмати  амалии  чорабинӣ бошад, Аксияи ҳизбии “Якҷоя ҳал мекунем!” доир гардида,  бо дастгирии  сокинон   гирду атрофи хонаи  як нафар маъюби гурӯҳи  сеюм  бо девор  маҳкам карда шуд.   

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg