БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ҲАДАФҲОИ НОПОКИ ПАЙМОНИ МИЛЛИРО ҚАБУЛ НАДОРЕМ ВА МАҲКУМ МЕКУНЕМ!

А.ҶОМӢ.  Дар доираи Соли баланд бардо штани масъулияти шаҳрвандӣ. Дар толори китобхонаи марказии ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ  бо иштироки Муҳаммаддовуд  Ҳалимов раиси  Кумитаи  иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ ва Раҷабов Сафаралӣ вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ҷалби аҳли ҷамоатчигии соҳаҳои  мухталифи  хоҷагии халқ  ҳамоиши  судманд  баргузор  гардид.

Тавре маълум шуд, мақсад аз баргузории ҳамоиш бо аҳли ҷамоатчигии ноҳия, алалхусус  намояндагони  ТҶҶ    «Созандагони  Ватан»  фаҳмонидани воқеоти ҷаҳони муосир, пешгирӣ аз шомилшавӣ ба гурӯҳҳои террористию  ифротӣ  ва  ҳизбу ҳаракатҳои  тундрав  буда, ҳамчунон  дар бораи   даъвоҳои беасосу бепояи аъзову намояндагони бо ном Паймони миллӣ, таҳти роҳбарии Муҳиддин  Кабирӣ, ки  дар  ҷаласаи  навбатии  САҲА, дар  пойтахти Лаҳистон шаҳри  Варшава баргузор гардида истодааст андешарониҳо карда шуда,  фаъолияти  бо  ном  Паймони  миллиро  сахт  маҳкум  намуданд.

Ҳамчунон дар ҳамоиш, зимни суханрониаш Сафаралӣ Раҷабов  доир ба масоили нақши ҷавонон дар пешрафту шукуфоии мамлакат, дастовардҳои ҷавонон дар солҳои Истиқлолият ва дастгирии Ҳукумати  мамлакат  аз  ташаббусҳои  созандаи  ҷавонон   ёдоварӣ намуд.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg