БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ТЕРРОРИЗМУ ЭКСТРЕМИЗМ ОМИЛИ ХУШУНАТУ ВАҲШАТ ВА ТАҲДИД БА АМНИЯТИ ДАВЛАТ АСТ

ДАНҒАРА. Дар доираи Соли баланд бардоштани масъулияти шаҳрвандӣ. Ин навбат масъулини ҳизбӣ дар ташкилоти ибтидоии деҳаи “Дилнишин”- и ҷамоати деҳоти Пушинг оид ба самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҳизбӣ  хониши сиёсӣ баргузор намуданд.

Дар вохӯрӣ  масъулин доир ба  масъалаҳои муҳим, аз ҷумла баланд бардоштани сатҳи огоҳии мардум дар мавриди хатари терроризму экстремизм бо мақсади пешгирӣ аз ҷалби шаҳрвандон ба ташкилотҳои террористӣ ибрози ақида намуда, қайд карданд, ки терроризму экстремизм падидаи нав нест, аммо солҳои охир ба вабои аср ва омили хушунату ваҳшат ва таҳдид ба амнияти ҳар як кишвар ва сокинони сайёра табдил ёфтааст. 

Аз ин рӯ, ҷиҳати ҳифзи мафкураву маънавиёти ҷомеа корҳои таблиғотию ташфиқотӣ бурда, ҷавонон ва наврасонро дар руҳияи ватандӯстӣ,  хештаншиносӣ ва ҳифзи марзу буми кишвар тарбия намоем. 

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg