БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ДӮСТ МАШМОР ОН КИ ДАР НЕЪМАТ ЗАНАД...

ВОКУНИШ. Дар тамоми давраҳои гузашта ва имрӯз инсоният аз рӯйи адолат ва инсоф умр ба сар мебурданду мебаранд. Аммо вақте, ки имрӯз мо ба сомонаҳои интернетӣ назар меафканем, ки нисбати давлату ҳукумат ва мақомотиҳои қудрати туҳмат буҳтони зиёд мезананд ва ҳар хонандаро нороҳату табъи шахсро хира месозад.

Наход як гурӯҳаки кӯчагие, ки аз 40-50 нафар иборат ҳаст ё не, нисбати аҳолии 9 миллион нафара, ки дар Ҷумҳурии Тоҷикистон озоду осоишта умр ба сар мебаранд, яъне тамоми корҳои дунявию диниро озодона ба иҷро мерасонанд пурра таъминанд, суханҳои носазо зананд. Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон адои ҳаҷ, гирифтани рӯза, адои намозҳои панҷвақта, идайн ва ҷумъа комилан озод аст. Ҳар шахс мувофиқи имконияташ дар ҳар масҷиди рост омада, намози ҷумъаро адо мекунад. Дар ин масъала давлат ба касе кор надорад.

Вақте мебинем, ки ҳар рӯзи ҷумъаи муборак дар тамоми қишри ҷомеа, чи тоҷику узбек, қиргизу туркмен дар як ҷойнамоз адои намози ҷумъа мекунанд, беихтиёр инсонро як ҳиссиёте фаро мегирад, ҳатто ашк дидаҳои шахс ҷорӣ мегардад, ки ҳама дар як ҷой чун дӯсту бародаранд. Бузургон гуфтаанд: «Дуо кунед, ки Худованд ҷамъи шуморо пароканда нагардонад».

Масали ҷамъ шудани тамоми қишри ҷомеа ҳамчун дарахти азимеро дар бар мегирад. Ҷойи дигар мегӯянд: «Бо табар задан дар решаи дарахт тамоми шохаҳояш меларзад». Вақте мебинем, ки як гурӯҳи кӯчаки ТТЭ ҲНИ нисбати Ҳукумату давлат хусусан Пешвои маҳбуби халқ суханҳои носазое ба забон меоранд, ҳар фарди ватандӯсту меҳанпараст нороҳат мегардад. Мардуми шарифи Ҷумҳурии Тоҷикистон аз қадимулаём бо маданияту бо фарҳанг мебошанд. Он рӯзҳои наҳсе, ки паси сар кардем, ҳеҷ гоҳ аз лавҳи хотирамон зудуда намегардад. Солҳои 1990-1992-юм ҷанги шаҳрвандӣ сар заду қариб давлат ба нестӣ мерафт. ТТЭ ҲНИ аз ин фурсат истифода бурда, мардуми осоиштаро қатлу ғорат мекарданд. Хуни ноҳақ мерехтанду тифлони маъсумро ваҳшиёна ба қатл мерасониданд. Тарси занону кӯдакони ноболиғ ҳадду канор надошт. Бахусус дар водии Вахш ғасбу ғорат, оташ задании хонаҳо, азобу шиканҷаи занону духтарони беҳисоб ба назар мерасид. Аз чор ҷониб мардуми бегуноҳ зери азобу шикандаи дарандагони дупо монда буданд. Аъзоёни ТТЭ ҲНИ ҷавонони бегуноҳро ба қатл мерасониданд. Чандин олимони барҷастаи тоҷикро несту нобуд карданд. Зиёда аз 150 ҳазор кушта, 1 миллион гуреза ба давлати ҳамсоя Афғонистон фирор карданд. Дар ҳамин лаҳзаҳои ниҳоят ҳассос шахсе пайдо намешуд, ки мардуми парешонро ҷамъ овард. Ва ниҳоят Яздони пок шахсеро ба мардуми Тоҷикистон фиристод, ки ӯ тавонист зимоми давлатдориро ба даст гирифта, халқро сарҷамъ кунад. Сулҳу ваҳдатро пойдору барқарор намуд. Аввалин суханаш  ҳеҷ аз ёдамон намеравад, ки «Ман ба шумо сулҳ меорам». Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ваъдаи хеш вафо кард. Бузургон гуфтаанд:

 

Дӯст он бошад, ки гирад дасти дӯст,

Дар парешонҳолию дармондагӣ.

Дӯст машмор он дар неъмат занад,

Лофи ёриву бародархондагӣ.

 

Ин гурӯҳи кӯчагии наҳзатиён, ки айни ҳол овораю дар ба дар дар кӯйи гадоӣ ба сар мебаранд, бидонанд: «Ҳеҷ кас ва ҳеҷ чиз фаромӯш нашудааст» ва ин Фарзанди фарзонаи миллат неъмати ниҳоят бузурги Худовандист, ки Яздони пок бароямон арзонӣ доштаст. Мо-мардуми шарифи тоҷик бояд ба қадри заҳматҳои ин марди шариф бирасему ва чун гавҳараки чашм ҳифзаш дорем. Ба арзишҳои миллӣ арҷ гузорему дӯстро аз душман фарқ созем.

ТТЭ ҲНИ ба мардуми шарифи тоҷик, ба дину мазҳаб хиёнат карда, обрӯю нуфузи хешро бо ду пули пучаки хоҷагони хориҷиашон фурӯхтанд.

ТТЭ ҲНИ! Инро бидонед, ки имрӯз дигар солҳои 1990-1992-юм нест, ки мардум фирефтаи найрангҳои шумо наҳзатиёни лаин шаванд. Ҷумҳурии Тоҷикистон аз он солҳои мудҳиш аз замин то осмон фарқ дорад. Дар ҷумҳурӣ тамоми намуди фаълият озодона аст. Мардуми осоишта бе ягон мамоният  нони ҳалол ёфта мехӯранд. Бо меҳнати ҳалол зиндагии хешро аҳлона ба пеш мебаранд. Ҳамаи ин иғвову дасисаҳои шумо Кабирӣ ба пули «61» баробар аст. Кабирӣ?! Бас аст, аз сафсатаҳои пучу бемаънии шумо хаста шудем…

 

Ҳикматулло Сиҷоатов,

сархатиби масҷиди ҷомеаи ноҳияи Вахш

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg