БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ЗАНИ СОҲИБМАЪЛУМОТ МИЛЛАТРО ТАРБИЯ МЕНАМОЯД!

ЁВОН.  Дар доираи Соли баланд бардоштани масъулияти шаҳрвандӣ. Бо чунин мақсадҳои наҷиб дар доираи дастуру супоришҳои Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва самтҳои афзалиятноки  фаъолияти ҲХДТ роҷеъ ба баланд бардоштани мақому манзалати зан- модари тоҷик дар ташкилоти ибтидоии «Ҷавони -1» -и деҳаи Пахтакори Ҷамоати деҳоти Ситораи Сурх бо иштироки занони маҳалла вохӯрӣ баргузор гардид.

Дар вохӯрӣ аз ҷониби намояндагони ҳизбӣ оид ба таҳсилу касбомӯзии духтарон, эҳтироми байни ҳамсоягию хешу таборӣ, тарғиби арзишҳои миллӣ ва фарҳанги либоспӯшӣ, аз байн бурдани фарҳанги бегона, тарбияи дурусти фарзанд, пешгирии хушунати оилавӣ нисбати келинҳо ва риояи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» андешаронӣ карда шуд.

Занони деҳаи Пахтакор сиёсати имрӯзаи давлату миллатро ҳама тарафа дастгирӣ намуда, қайд карданд, ки дастуру супоришҳоро дар амал ва зиндагии ҳаррӯзаашон  татбиқ менамоянд.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg