БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

АНҶОМИ АМАЛҲОИ НОМАТЛУБ АЗ ХУШУНАТИ ХОНАВОДАГӢ САРЧАШМА МЕГИРАД

КӮЛОБ. Дар доираи Соли баланд бардоштани масъулияти шаҳрвандӣ. Дар шаҳри Кӯлоб бо сокинони маҳаллаҳои Фирдавсӣ, Офтобрӯя ва 20-ум мулоқот доир карда шуд.

Дар чорабинӣ вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Раҳмонзода Абдуғаффор ва раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри  Кӯлоб Орзу Ҳамидиён иштирок ва суханронӣ намуданд.

Зимни чорабинӣ аз тарафи Раҳмонзода Абдуғаффор қайд карда шуд, ки дар ҷомеаи мо ҷудо шудани оилаҳои ҷавон зиёд шуда истодааст, ки яке аз сабабҳои он ин зӯроварӣ дар оила мебошад. Зӯроварӣ дар оила аз падидаҳоест, ки ҷомеаи ҷаҳонӣ онро чун масъалаи доғи рӯз эътироф намудааст. Ҳарчанд бештар сухан дар бораи хушунат нисбат ба зан дар оила меравад, вале дар асл дар зӯроварии хонаводагӣ ҳамаи аъзои оила зарар мебинанд.Инчунин,  таъкид шуд, ки қариб ҳамаи ҳолатҳои дарундорӣ, танҳоӣ, нобоварӣ ба худ, нашъмандӣ, майзадагӣ ва ҳатто худкушӣ анҷом додани одамон ба мушоҳида мерасад, ки сарчашмаи ин амалҳои номатлуб ва даст задан ба чунин корҳои ношоистаро аз хушунати хонаводагӣ пайдо кардан мумкин аст. Барои гирифтани пеши роҳи ин доғи рӯз набалки сохторҳои дахлдор, балки тамоми ҷомеаи моро мебояд бетараф набуда, бо василаи гузаронидани чунин чорабиниҳо ба вуҷуд овардани имконоти воқеӣ ҷиҳати ҳалли масъалаи баробарҳуқуқии зану мард ба миён биёрем.

Дар ин вохӯрӣ вобаста ба дигар масъалаҳои доғи рӯз аз ҷониби иштирокдорон ба ҳозирин саволҳо дода, ҷавобҳои мушаххас гирифтанд.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg