
ЁВОН. Дар доираи Соли баланд бардоштани масъулияти шаҳрвандӣ.
Дар доираи нақшаи чорабиниҳо дар заминаи ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Сафеддара”-и деҳаи Оли Сомони Ҷамоати деҳоти Обшорон вохӯрӣ баргузор гардид.
Дар вохӯрӣ аз ҷониби намояндагони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Ёвон атрофи сиёсати инсондӯстона, башардӯстона ва хирадмандонаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ба истифода супоридани чархаи дуюми НБО Роғун дар рӯзи ҷашни 28- солагии Истиқлолияти давлатӣ, пешгирии шомилшавии ҷавонон аз ҳизбу ҳаракатҳои террористиву экстремистӣ, риояи фарҳанги миллӣ, пешгирии ҷудошавии оилаҳои ҷавон, масъулияти падару модарон дар таълиму тарбияи дурусти фарзандон, роҳандозӣ намудани корҳои созандагиву бунёдкорӣ ба хотири истиқболи арзандаи ҷашни 30- солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ибрози назар шуд.