
ЁВОН. Дар доираи Соли баланд бардоштани масъулияти шаҳрвандӣ.
Бо мақсади тарғиби дастоварди нодиру арзишманди мамлакат - ба истифода қарор гирифтани чархаи дуюми НБО Роғун дар толори ҶСШК «Шабакаҳои барқии Ёвон» конференсияи илмию амалӣ таҳти унвони «Тоҷикистон манбаи нури чароғон» баргузор карда шуд, ки дар кори он мутахассисон ва собиқадорони соҳаи барқи ноҳия, кормандони соҳаи тандурустию маориф, ҷавонон, аъзои фаъоли ТҶҶ «Созандагони Ватан» иштирок намуданд. Дар кори конференсия 6 маърӯзаи илмӣ ва шеърҳо дар васфи Роғун пешниҳод карда шуданд.