
ДАНҒАРА. Дар доираи Соли баланд бардоштани масъулияти шаҳрвандӣ. Бо мақсади шарҳу тавзеҳи самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ дар ташкилоти ибтидоии деҳаи “Алиҷон” хониши сиёсӣ баргузор гардид ва дар он роҳбарияти Кумитаи иҷроияи ноҳиявии ҳизбӣ иштирок намуданд.
Дар суҳбат атрофи аҳамияти Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон”, аз ҷумла сарфаю сариштакорӣ зимни баргузории ҷашну маросимҳо ва ба роҳ мондани корҳои хайру сахо ба шахсони ниёзманди ҷомеа ба хотири баланд бардоштани сатҳи зиндагии маънавии сокинон ва паст кардани камбизоатӣ, тарбияи дурусти фарзанд дар роҳи созандагиву ватандӯстӣ, ба онҳо омӯзонидани донишҳои замонӣ, баланд бардоштани сатҳи забондонӣ, кор бо муосиртарин технологияҳои иттилоотӣ, доштани якчанд ҳунар ҳамчун талаботи заминавии расидан ба мустақилияти иқтисодии шахс андешаҳои ҷолиб баён шуд.
Дар охири суҳбат сокинон барои рушду нумӯи деҳа бахшида ба Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ дар партави Аксияи ҳизбии “Якҷоя ҳал мекунем!” ба корҳои ободонӣ машғул гардиданд. Дар умум чунин ободкориҳо ба симои деҳа ҳусни тоза бахшидаст.