
Ш.ШОҲИН. Дар доираи Соли баланд бардоштани масъулияти шаҳрвандӣ. Дар деҳаи Ёли Ҷамоати деҳоти ба номи Нуриддин Маҳмудов оид ба самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ бо сокинон вохӯрӣ баргузор гардид.
Дар назди иштирокдорон масъулини ҳизб аз дастуру супоришҳои мақомоти болоии ҳизбӣ, ба кор даромадани чархаи дуюми НБО Роғун, сафари кории Пешвои миллат ба ноҳияҳои Мӯъминободу Данғара ва шаҳри Кӯлоб, дастовардҳои бузурги даврони соҳибистиқлолии кишвар ёдрас шуданд.
Дар идомаи суҳабт самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ ба дарки иштирокдорон расонида шуда, ҳамагон барои саҳм гузоштан дар корҳои созандагиву бунёдкорӣ баҳри боз ҳам ободу зебо шудани Ватани азизамон ҳидоят гардиданд.