
ВОСЕЪ. Дар доираи Соли баланд бардоштани масъулияти шаҳрвандӣ.
Дар доираи ҷадвали баргузории хонишӽои сиёсӣ ва дигар чорабиниӽои ӽизбӣ дар ташкилоти ибтидоии «Беморхонаи №4»-и Ҷамоати деӽоти ба номи Худоёр Раҷабов вохӯрӣ баргузор гардид.
Зимни мулоқот масъулин дар бораи ба фаъолият оғоз бахшидани агрегати дуюми НБО Роғун, ки яке аз дастовардҳои бузург дар таҷлили 28-солагии Истиқлолияти давлатӣ мебошад суханронӣ карданд.
Дар ин баробар вобаста ба ҳифзи солимии наврасону ҷавонон ва дастрасии онҳо ба хизматрасониҳои тиббӣ сухан рафт. Зикр шуд, ки як қатор санадҳои меъёрӣ - ҳуқуқӣ дар сатҳи миллӣ ва соҳавӣ тасдиқ шудаанд, ки миёни онҳо солимии репродуктивии аҳолӣ ва солимии ҷавонон мақоми хосса дорад.