
КӮШОНИЁН. Дар доираи Соли баланд бардоштани масъулияти шаҳрвандӣ. Дар ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Маорифчиён” чорабинии илмию-бадеӣ бахшида ба 28-умин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иштироки аъзо ва ҷонибдорони ҲХДТ гузуронида шуд.
Дар чорабинӣ намояндагони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Кӯшониён оид ба дастовардҳои замони истиқлолият суханронӣ намуданд.
Дар идомаи сухан таъкид карда шуд, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон баъди соҳибистиқлолӣ ба дастовардҳои бузург ноил шудааст ва Тоҷикистонро дар арсаи байналмилалӣ ҳамчун кишвари демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва ягона шинохтанд. Ҳифз ва таъмини пойдории Истиқлолияти давлатӣ вазифаи ҳар сокини кишвар мебошад.