Ҷ.БАЛХӢ.Дар доираи “Соли баланд бардоштани масъулияти шаҳрвандӣ.” Бо иштироки масъулини Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ дар ташкилоти ибтидоии «Хоҷагии деҳқони Порбоғ» Бахшида ба 28-солагии Истиқлолияти давлатӣ ҳамчун неъмати пурарзиш барои миллати тоҷик хониши сиёсӣ баргузор карда шуд, ки дар он масъулини ҳизб атрофи дастовадардҳои соҳибистиқлолии кишвар ва нақши он дар таърихи давлату миллати тоҷик сухан гуфтанд.
Сипас, дар партави Аксияи ҳизбии “Якҷоя ҳал мекунем!” бо ташаббуси кормандони ташкилоти ибтидоии «Хоҷагии деҳқони Порбоғӣ» дар назди ташкилоти номбурда ҳашари дастаҷамона гузаронида шуд, ки ҳама дастаҷамъона ба тозагии муҳит машғул шуданд.