БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

НЕЪМАТЕ БЕҲТАР ЗӢ ИСТИҚЛОЛ НЕСТ….

АНДЕША. Истиқлолият муқаддастарину азизтарин неъмат, рукни асосии давлати озод, рамзи шарафу номуси ватандорӣ, кафолати хонаи ободу сари баланд ва неруи таконбахши ҳаёти ҳаррӯзаи мардуми шарифи Тоҷикистон мебошад.

    Даврони истиқлолият барои Тоҷикистони озоду демократӣ ва ҳуқуқбунёд марҳилаи ибтикороти таърихӣ дар ҳамаи соҳаҳои ҳаёти моддиву маънавист. Ин марҳилаи сарнавиштсоз дар ҳаёти халқу кишвари мо аз ҷустуҷӯи роҳҳои рӯшду такомул оғоз ёфта, имрӯз ба марҳилаи таъйини ҳадафҳои миллӣ ва ормонҳои иҷтимоиву маънавӣ расидааст ва  пешомади дурахшонеро дунболагир  аст.

      Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон истиқлолияти воқеӣ ва босамари кишварро дар ҳадафҳои ватанхоҳӣ ва ормонҳои таърихсози иҷтимоиву маънавӣ дида, мувофиқи талаботи замони нав – замони ба истилоҳ ҷаҳонишавӣ ҳадафҳову идеалҳо ва равишҳои дарёфт ва таҳкими ин арзишҳоро ба дурустӣ муайян кард.

     Маҳз бо заҳматҳои шабонарӯзии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар даврони истиқлолият  неъмати бебаҳо ва   нодир ваҳдати комил таъмин гардид.      Мебояд ҳар як фарди соҳибватан ба қадру манзалати ин ду неъмати бебаҳо, муқаддасу гаронарзиш – истиқлолият ва осоиштагӣ  бирасад.

Зуҳро Воҳидова,  узви КИ ҲХДТ дар ноҳияи Кӯшониён 

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg