БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ҶАВОНОН ҚУВВАИ БУЗУРГ ВА НЕРӮИ СОЗАНДААНД!

НОРАК. Дар доираи “Соли баланд бардоштани масъулияти шаҳрвандӣ.” Дар доираи истиқболи санаи муҳими таърихӣ, 28 умин солгарди Истиқлолияти давлатӣ ҳамчун рамзи озодиву соҳибихтиёрии кишвар дар  ташкилоти ибтидоии “Шуғли аҳолӣ” хониши сиёсӣ ва қисмати амалии Аксияи ҳизбӣ таҳти унвони “Якҷоя ҳал мекунем!” доир карда шуд.

Дар қисмати амалии Аксияи ҳизбӣ бо роҳнамоии Кумитаи иҷроия  ҲХДТ дар шаҳри Норак ва дастгирии  аъзову ҷонибдорони ҳизб ба ду нафар ҷавонон аз оилаҳои ниёзманди ҷомеа  ба маблағи 300   сомонӣ кӯмаки молиявӣ  раснонида шуд.

    Дар қисмати сиёсии вохӯрӣ бошад масъулин дар бораи самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ, аз ҷумла   мавқеи занону ҷавонон дар ҳаёти ҷамъиятию сиёсии мамлакат, ҷалби духтарон ба таҳсилу касбомӯзӣ, пешгирии зӯроварӣ нисбат ба занон дар оила суханронӣ намуда, аз ҷамъомадагон даъват ба амал оварданд, ки  амалӣ намудани мақсаду маром ва ҳадафҳои барномавии ҲХДТ ва  омӯзиши нуқтаҳои  Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат  вазифаи ҷонии ҳар яки мо буда, баҳри пешрафту шукуфоии кишвар, тарбияи насли наврас дар роҳи созандагӣ, иҷрои корҳои бунёдкорӣ, кӯмаку дастгирии ниёзмандон, ҳифзи дастовардҳои даврони соҳибистиқлолӣ ва таъриху фарҳанги миллӣ, мустаҳкам намудани дӯстию бародарӣ, сулҳу суботи комил бояд сарҷаъмона талош варзем.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg