ЁВОН. Дар доираи Соли баланд бардоштани масъулияти шаҳрвандӣ.
Дар ташкилоти ибтидоии “Чоргул”-и Ҷамоати деҳоти Чоргул бо иштироки ҷавонон ва падару модарони онҳо вохӯрӣ баргузор гардид.
Дар ҳамоиш намояндаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи мазкур атрофи идома додани таҳсил, интихоби касбҳои мувоффиқ, ба сафи Артиши миллӣ ҷалб намудани ҷавонони синну соли даъватӣ, эҳтироми падару модарон, устодон, эҳтиром ба фарҳанги миллӣ, пешгирӣ аз шомилшавии ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои иртиҷоӣ, пешгирии ҷинояткорӣ суханронӣ намуд.