БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ҲИФЗИ ФАЗОИ ИТТИЛООТИИ КИШВАР ВАЗИФАИ ҲАР ЯКИ МОСТ

АНДЕША. Раванди инкишофи босуръати технологияи  муосир дар баробари пешравиҳо  сол то сол  дар ҷаҳон хавфу хатарҳои нав ба навро ба миён меоварад, ки  амнияту суботи кишварҳои дунёро халалдор менамояд.     Яке аз  хатарҳои ҷиддие, ки имрӯз ба ҳама давлатҳои дунё баробар  таҳдид менамояд ва боиси нигаронии ҳамагон гардидааст, ҷиноятҳои киберӣ мебошад.  Ҷиноятҳои киберӣ ҷиноятҳое мебошанд, ки тавассути технологияи компютерӣ, интернет ва шабакаҳои иҷтимоӣ амалӣ карда мешаванд. Ҷиноятҳои киберӣ нисбат ба дигар ҷиноятҳо  барои давлатҳои дунё  зиёдтар хатар  эҷод менамояд.  Ҳуҷум ба системаҳои компютерӣ, тасарруфи маълумоти шахсӣ ва фош намудани он, гӯш кардани гуфтугӯи роҳбарони давлатҳо, паҳн намудани маълумоти бардурӯғ, ворид шудан ба системаи компютерии объекти стратегии як кишвар, паҳн намудани вирусҳо, вайрон кардани барномаҳои муҳими вазорату корхонаҳои як кишвар таассути системаи компютерӣ номгӯи кӯтоҳи ҷиноятҳои киберӣ ба ҳисоб мераванд. 

Гарчанде шумораи истифодабарандагони интернет ва шабакаҳои иҷтимоӣ сол то сол зиёд гардад ҳам, мутаассифона на ҳама аз хавфу хатари ҷиноятҳои киберӣ огоҳӣ доранд.

Имрӯз вазифаи ташкилоту муассисаҳои  ба тарғибу ташвиқ ва фаҳмонидани вазъи сиёсӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангии ҷаҳон масъул аз он иборат аст, ки ба мардум дар бораи ҷиноятҳои киберӣ, аз ҷумла кибертерроризм маълумоти муфассал дода, онҳоро барои ҳифзи амнияти иттилотии кишвар омода созанд.

Кибертеррористон аз террористони дигар ба он фарқ мекунанд, ки онҳо бо истифода аз технологияи компютерӣ ба воситаи интернет ба мақсади худ ноил мегарданд.  Гурӯҳҳои террористию экстремистӣ бо истифода аз интернет ва садҳо шабакаҳои иҷтимоие, ки худ таъсис медиҳанд, бо даҳҳо ҳазор маводу маълумоти хусусияти ифротию террористидошта дар пайи гумроҳ кардани одамони ноогоҳ ва ҷалби онҳо ба ташкилотҳои террористию экстремистӣ мебошанд.  Онҳо бо навору аксҳои ваҳшиёна куштани одамон, зинда ба зинда сӯзондани одамон дар дили мардум ваҳму ҳаросро эҷод мекунанд.  Барангехтани бадбинии динӣ, миллӣ, нажодиро дар байни аҳолӣ, онҳо роҳандозӣ менамоянд,  ва ба амал омадани ҷангу хунрезӣ дар ин ё он давлат мегардад.

    Чи тавре ишора намудем ягон давлат, аз ҷумла Тоҷикистони тозаистиқлоли мо ҳам аз таҳдиду хатарҳои ҷиноятҳои киберӣ, аз ҷумла кибертерроризм дар канор нест. Ҳама рӯза дар сомонаҳои интернетӣ ва шабакаҳои иҷтимоӣ  бо мақсади вайрон намудани низоми давлатдорӣ ва ба амал овардани нооромӣ дар байни сокинони кишвар даҳҳо маводҳо ғайриқонунӣ ва бардурӯғ ба табъ расонида мешаванд.

Агар мо истифодабарандагони интернетро дар ташкилотҳои ибтидоии ҳизбӣ ва дар байни аҳолӣ  барои  мубориза ба муқобили гурӯҳҳои террористию экстремистии аз интернет ва шабакаҳои иҷтимоӣ истифодабаранда омода созем ва онҳоро дар шакли кибердружинаҳо дар як  марказ – кумитаҳои иҷроияи ҳизбӣ  муттаҳид созем, метавонем фазои иттилоотии кишварро то андозае ҳифз намоем.

Саидҷалол Сатторов, мудири шуъбаи таблиғот, иттилоот ва матбуоти  Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Ховалинг

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg