БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ИЛМУ ДОНИШ САРЧАШМАИ ХУШБАХТИИ МАРДУМ АСТ !

ТЕМУРМАЛИК. Дар доираи “Соли баланд бардоштани масъулияти шаҳрвандӣ.” Дар ташкилоти ибтидоии “Қушқияи миёна” вохӯрии навбатии кормандони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Темурмалик  баргузор гардид.

  Дар мулоқот роҳбарияти Кумитаи иҷроияи ҳизб дар бораи  самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҳизбӣ ва дар арафаи ҷашни Истиқлолияти давлатӣ дар таърихи давлатдории Тоҷикистони соҳибистиқлол рӯйдоди муҳиму тақдирсоз – ба истифода додани агрегати дуюми НБО Роғун    суханронӣ  намуданд.

Дар идома,  аз суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар вохӯрӣ бо сокинони ноҳияи Зафарободи вилояти Суғд, ки рӯзи 22 – юми августи соли ҷорӣ баргузор гардид,  ёдрас шуданд.

  Дар фарҷом вобаста ба қисмати амалии Аксияи ҳизбии “Якҷоя ҳал мекунем!” бо дастгирии аъзои ташкилоти мазкур ба маблағи 4000 сомонӣ ба муассисаи таълимии деҳа маҳсулоти сохтмонӣ кӯмак карда шуд.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg