БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

БАР ЗИДДИ ХУРОФОТПАРАСТӢ ВА ТАҚЛИДКОРИИ КӮР – КӮРОНА МУБОРИЗА БОЯД БУРД!

БОХТАР. Дар доираи Соли баланд бардоштани масъулияти шаҳрвандӣ. Дар ташкилоти ибтидоии “Раҳнома” ҷиҳати баргузории хонишҳои сиёсӣ оид ба самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҳизбӣ вохӯрӣ доир карда шуд.

Дар вохӯрии мазкур раиси Кумитаи иҷроияи  ҲХДТ дар шаҳри Бохтар Наҷидуллозода Насриддин доир ба масъалаҳои муҳими ҷомеа андешаронӣ карда,  таъкид намуд, ки аъзои ташкилоти ибтидоии мазкур дар амалӣ гардидани яке аз самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҳизбӣ аз байн бурдани таассуби динӣ ва хурофотпарастӣ бо мақсади солим нигоҳ доштани маънавиёти ҷомеа метавонанд нақши арзандаи худро гузоранд. Аз ин рў, бояд, ба масъалаи тарбияи насли наврас дар руҳияи ватандӯстӣ, ифтихори миллӣ, пос доштани фарҳангӣ миллӣ, арзишҳои умумибашарӣ, содиқ будан ба Ватану меҳан диққати аввалиндараҷа диҳем, то ворисони ҳақиқии Рӯдакиву Сино, Хайёму Балхӣ, Айниву Турсунзодаро ба воя расонем.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg