БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

БАЛАНД БАРДОШТАНИ МАСЪУЛИЯТИ ШАҲРВАНДӢ ВАЗИФАИ МО ҲИЗБИЁН АСТ

БАЛҶУВОН.  Дар доираи Соли баланд бардоштани  масъулияти шаҳрвандӣ. Дар ташкилоти ибтидоии «Девдор»  бо иштироки  кормандони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Балҷувон   хониши сиёсӣ оиди самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ баргузор карда шуд.

Зимни мулоқот масъулин оид ба фаъолияти самараноки ҳизб, оиннома ва барномаи он ибрози андеша карда, қайд намуданд, ки пеш аз ҳама фаро гирифтани наврасону ҷавонон ба таҳсил дар мадди аввали падару модар ва аҳли ҷомеа қарор мегирад чунки, пешравии ҷамъият аз саводнокии  сокинони  ҳар як  мамлакат вобастагии зиёд дорад.

Пас вазифаи мо аҳли ҷомеа аз он иборат аст, ки барои ба таълиму тарбияи дуруст фаро гирифтани насли наврасу ҷавон талош варзем то дар оянда онҳо ҳамчун насли ояндасоз ва ҳимоятгари марзу буми Ватан ба воя расида, муаррифгари меҳан дар арсаи ҷаҳон дар ҳама зинаҳои  илму техника гарданд.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg