БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

Истиқбол аз Истиқлол мардумро бештар ба ҳам қарин месозад!

ВОКУНИШ. Истиқлолият ҷавҳари асосии ҳастии миллат буда, волотарин мақомест дар ҷомеаи ҷаҳонӣ. Ин неъмати бебаҳо, ки бо машаққатҳои зиёд ба даст омадааст, барои мардуми тоҷик як калимаи оддӣ нест. Зеро ки Истиқлолият ифодагари сулҳу суббот, фазои ором, зиндагии осоишта ва хонаи обод аст. Аз ин рў қадру манзалати Истиқлолият назди ҳар тоҷику тоҷикистонӣ ниҳоят бузург аст.

28 сол муқаддам баҳори зиндагӣ хазон буд. Субҳи босаодат намедамид. Хуршеди тобон гўё саховат надошт. Аз ояндаи нек бўйи умед набуд. Мардуми тоҷик бечоравор чораи раҳоӣ меҷўстанд. Мисоли ташнагону талабгорони бороне, ки дар интизори абри борандаанд, дар фазои нооромӣ эҳтиёҷманди сулҳу истиқлолияти воқеии давлат буданд. Зеро ки дар фазои тираву тор зиндагӣ ниҳоят гарон буд. Он солҳо ҳеҷ як қудрате мардумро ба солҳои ояндаи тинҷу ором умедвор карда наметавонист. Ҳама андеша дар сар доштанд, ки миллати тоҷик фано хоҳад шуд. Бештар аз ин андеша ҳарос доштанд. Метарсиданд аз парокандагии давлат. Аз оне, ки миллат аз байн биравад, забони ноби тоҷикӣ бимирад, анъанаҳои неки ниёгон фаромўш шаванд. Метарсиданд, ки мабодо дар Ватани худ тобеву ѓуломи аҷнабие бошанд.

Он солҳо ба гўшаи хаёли касе намеомад, ки Тоҷикистон як диёри гулгулшукуфо мешавад ва Яздони пок ба ин миллат ҳадяҳои гаронбаҳои сулҳу ваҳдат, иттиҳоду сарҷамъӣ ва оромию осоиштагиро арзонӣ медорад. Ба бахти баланди халқи тоҷик моҳи ноябри соли 1992 дар таърихи давлатдории тоҷикон саҳифае наве боз шуд. Дар ин рўзи барои халқи азиятдида фаромўшнашаванда ҳодисае ба вуқуъ пайваст, ки тақдири ояндаи миллатро ҳал намуд. Фарзанди барўманди халқи тоҷик Эмомалӣ Раҳмон раиси Шўрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб гардиду чун хуршеди пурнур синаи абрҳои сиёҳро шикофт ва ба атроф равшанӣ бахшид. Имрўз корвони истиқлол ҳадяи гаронбаҳои сулҳу ваҳдат ва оромию осоиштагиро бо қадамҳои устувор дар шоҳроҳи зиндагӣ пеш мебарад. Акнун дар шоҳроҳи зиндагӣ устуворона қадам ниҳода, шукрона аз он мекунем, ки ашки ѓаму ҳасрат аз чашмони модарони мо зудуда шуда, ҷойи он барқи шодию фараҳ ва умед ба фардои неки фарзандон нурафшон гардид.

Ҳамаи ин ободиву озодиву, пешрафту тараққиёт ва хушбахтиву хушнудие, ки дорем ба шарофати Истиқлолият аст. Истиқлолияте, ки халқу миллати тоҷикро аз парокандиву беватанӣ эмин нигоҳ дошт. Имрўзҳо дар остонаи таҷлили 28-умин солгарди Истиқлолияти давлатӣ қарор дорем. Истиқбол аз истиқлол тамоми мардуми ин сарзаминро бештар ба ҳам қарину муттаҳид сохта, онҳоро ҳамчун халқи тамаддунофар ва сулҳпарвару озодихоҳ дар арсаи олам муаррифӣ менамояд. Хоҳони он ҳастам, ки сулҳи тоҷикон ҳамеша пойдору устувор бошад ва ба гуфти Пешвои маҳбубу муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон «Бигзор руҳи поки аҷдодони мо Истиқлолияти бо машаққатҳои зиёд ба даст овардаи моро нигаҳбон бошад.» Ҷашни қарибулвуқуъ Истиқлолияти давлатӣ муборак, ҳамватанони азиз!

 

Н. Ибодуллоева, мудири шуъбаи кор бо занон

ва ҷавонониКумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Левакант

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg