БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

РОҲ БА СӮИ МАКТАБ

А.ҶОМӢ. Дар доираи Соли баланд бардоштани масъулияти шаҳрвандӣ. Вобаста ба иҷрои дастуру супоришҳои Раиси муаззами ҲХДТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бахшида ба “Рӯзи дониш” аз 1-уми август то 1-уми сентябри соли 2019, Аксияи  хайриявӣ  таҳти  унвони   “Роҳ  ба  сӯи  мактаб”-ро  эълон  намуд. 

Бо ин мақсад,  Кумитаи иҷроияи ҲХДТноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ оид ба фароҳамсозии шароит ва ҳалли мушкилоти табақаҳои камбизоати ҷомеа, аз ҷумла ятимон, бепарасторон, кӯдакон аз оилаҳои  камбизоат  ҷиҳати  таъмини  либос  ва  дигар  лавозимоти  мактабӣ  дар оғози соли нави хониши 2019-2020, мувофиқи имконияти молиявии худ ва ҷалби фаъолони ташкилотҳои  ҳизбии  ноҳия,  то  ин  давра   иқдоми  хайриявиро   роҳандозӣ  намуд.

Дар ин иқдом аз маҳаллаҳои ҳудуди ноҳия беш аз 20 нафар толибилмони муассисаҳои таҳсилоти  миёнаи  умуми, ки имкониятҳои маҳдуди молиявӣ  доштанд, фаро гирифта шуда, аз ҷониби Кумитаи иҷроия  ба  онҳо  сару  либоси  ягонаи  мактабӣ,  ҷузвдон, каламу  дафтар  ва  дигар  лавозимоти  мактабӣ  тақдим   карда  шуд.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg