БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

МУАЙЯН КАРДАНИ ВАЗИФАҲОИ ШАҲРВАНДОН ДАР САМТИ МУБОРИЗА БАР ЗИДДИ КОРРУПСИЯ

ҲАМАДОНӢ. Дар доираи Соли баланд бардоштани масъулияти шаҳрвандӣ. Дар ташкилоти ибтидоии “Пахтакор”-и Ҷамоати деҳоти Қаҳрамон хониши сиёсӣ бо иштироки кормандони масъули Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ баргузор гардид.

Зимни баромад масъулини ҳизб қайд карданд, ки коррупсия яке аз омилҳои нангин ва хатарноки ҷомеа ба ҳисоб рафта, дар радифи терроризму экстремизм ва амнияти миллӣ ва Истиқлолияти давлатӣ таҳдид менамояд. Метавон гуфт, ки мавҷудияти ин амали номатлуб ҳам ҷанбаи манфии  маънавӣ ҳам ҳуқуқию сиёсӣ ва ҳам амниятӣ дорад. Аз ин рӯ, мубориза алайҳи ин омили хатарноки ҷомеа вазифаи нафақат мақомоти давлатӣ, балки ҷомеа ва ниҳодҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ низ дониста мешавад.

 Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикситон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёмашон ба МОҶТ қайд намуданд; «Фаромӯш набояд кард, ки мубориза бар зидди коррупсия  фақат вазифаи мақомоти ҳифзи ҳуқуқ нест. Дар ин мубориза аҳли ҷомеа, ҳар як шаҳрванд ва ҷомеаи шаҳрвандӣ низ бояд бетараф набошад.

Дар интиҳои чорабинӣ ба иштирокчиён маводҳои таблиғотӣ  вобаста ба коррупсия  дастрас карда шуд.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg