БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

КОРҲОИ СОЗАНДАГИВУ АЗНАВСОЗӢ БА СИМОИ НОҲИЯИ МӮЪМИНОБОД ҲУСНИ ЗЕБОГӢ БАХШИД

МӮЪМИНОБОД.  Дар доираи Соли баланд бардоштани масъулияти шаҳрвандӣ. Кормандони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Муъминобод ҳамарӯза дар ташкилотҳои ибтидоии ҳизбӣ нишасту вохӯриҳо мегузаронанд.

Баргузории суҳбату мулоқотҳо бо қишрҳои гуногуни ҷомеа оид ба самтҳои афзалиятноки фаъолияти  ҲХДТ, аз ҷумла огоҳонидани онҳо аз хатарҳои имрӯзаи ҷаҳони муосир саривақтӣ ва бамаврид мебошад. Бо дарки ин маънӣ чунин як вохӯрӣ дар ташкилоти ибтидоии «Кумитаи замин»-и ноҳия гузаронида шуд, ки аз ин вохӯрӣ иштирокдорон таассуроти хуб бардошт карданд.

Инчунин, дар қисмати амалии чорабинӣ дар доираи Аксияи ҳизбии «Якҷоя ҳал мекунем!» бинои ташкилоти ибтидоии мазкур азнавсозӣ карда шуд, ки ба симои  ноҳия ҳусни зебогӣ зам намуд.  

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg