ЛЕВАКАНТ. Дар доираи Соли баланд бардоштани масъулияти шаҳрвандӣ. Бо мақсади татбиқи Аксияи ҳизбии «Якҷоя ҳал мекунем!» бо иштироки намояндагони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Левакант дар ташкилоти ибтидои Ҷамоати деҳоти «Гулистон» вобаста ба самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ хониши сиёсӣ доир гардид.
Дар ҳамоиш гуфта шуд, ки таърих гувоҳи ҳар ҳодисаву рӯйдодҳои гуногун дар курраи олам намегузорад, ки касе онҳоро инкор кунад. Боиси фахри тамоми мардуми бошараф, бохирад, бофарҳангу ботамаддуни тоҷику тоҷикистонӣ аст, ки дар фазои сулҳу субот умр ба сар мебарем. Поягузори ин ҳама оромиву осоиш, амният ва мулки ободу зебо Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мебошанд.
Дар охир аҳли ҷамъомад андешаҳои худро оид ба Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ эълон гардидани солҳои 2019-2021, роҳандозӣ гардидани Аксияи ҳизбии «Якҷоя ҳал мекунем!» баён дошта, аз ин вохӯрӣ ба худ ғизои маънавӣ гирифтанд.