
КӮШОНИЁН. Дар доираи Соли баланд бардоштани масъулияти шаҳрвандӣ. Дар доираи қисмати амалии Аксияи ҳизбӣ таҳти унвони «Якҷоя ҳал мекунем!» дар деҳаи Янгиюли Ҷамоати деҳоти Сарвати Истиқлоли ноҳияи Кӯшониён бо иштироки аъзо ва ҷонибдорони ҲХДТ ҳашари ободонӣ гузаронида шуд.
Иштирокдорон дар рангу бор намудани гирду атрофи деворҳои муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии № 13 – и ноҳия саҳми худро гузоштанд.
Дар ин Аксияи ҳизбӣ намояндагони Кумитаи иҷроияи ноҳиявии ҳизб иштирок карда, доир ба анҷом додани чунин амалҳои нек ва самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ маърӯза карданд.