БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ИСТИҚЛОЛИЯТ НЕЪМАТИ БЕБАҲО!

ВАХШ. Дар доираи Соли баланд бардоштани масъулияти шаҳрвандӣ. Масъулини Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Вахш дар ташкилоти ибтидоии «Пахтаобод»-и Ҷамоати деҳоти Тоҷикобод оид ба самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҳизбӣ хониши сиёсӣ баргузор намуданд.

Дар вохӯрии болозикр раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Вахш Одилҷон Маҳмадов дар мавзӯи «Истиқлолият - неъмати бебаҳо!» маърӯза намуданд. Дар аввал ҳамагонро ба муносибати фарорасии 28-солагии Истиқлолияти давлатӣ табрику таҳният гуфта, таъкид дошт, ки Истиқлолияти давлатӣ, ки дар охири асри ХХ ба даст омада буд, беҳтарин дастоварди миллати тоҷик дар ин аср ба шумор меравад. Имрӯз бо ҷаҳду талошҳои фарзона фарзандони миллат ин неъмати Худододӣ дар кишвар ҳукмфармо буда, вазифаи муқаддаси ҳар тоҷику тоҷикистонӣ аст, ки Истиқлолияти давлатӣ ва дастовардҳои онро ҳифз намуда, поку беолоиш ба насли наврас ба мерос гузорад.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg