БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

БА ВАТАНИ ХУД СОДИҚ БОШЕМУ СОДИҚОНА ХИЗМАТ КУНЕМ!

БОХТАР. Дар доираи Соли баланд бардоштани масъулияти шаҳрвандӣ. Дар ташкилоти ибтидоии “Ёрии таъҷилии тиббӣ” хониши сиёсӣ дар мавзӯи “Муайян кардани вазифаҳои шаҳрвандон дар самти мубориза бар зидди коррупсия бо роҳи ташаккули мафкураи зиддикоррупсионӣ дар онҳо” баргузор шуд.

Раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Бохтар Наҷидуллозода Насриддин дар вохӯрӣ иштирок ва суханронӣ намуда, қайд намуд, ки дар самти мубориза бо коррупсия Ҳукумати ҷумҳурӣ барномаву консепсияҳоро қабул намуда, бо ин зуҳуроти номатлуб мубориза бурда истодааст, аммо дар ин самт бояд  тамоми ҷомеа масъул бошанд, то ки ин зуҳуроти манфи аз ҷомеа решакан карда шавад.

Дар охир Музаффар Ғафуров раиси ташкилоти ибтидоӣ қайд кард, ки имрўз кишвари азизи мо рӯз то рӯз гул – гул шукуфта истодааст. Мо бояд ба сиёсати Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон а ба Ватани худ содиқ бошему содиқона хизмат кунем.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg