БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

КОРҲОИ ТАРҒИБОТӢ БА ХОТИРИ БАЛАНД БАРДОШТАНИ МАСЪУЛИЯТИ ШАҲРВАНДӢ

ХОВАЛИНГ.  Дар доираи Соли баланд бардоштани масъулияти шаҳрвандӣ. Дар ташкилоти ибтидоии “Обшорон”  хониши сиёсӣ оид ба самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ вохӯрӣ баргузор карда шуд.

Дар суҳбат таваҷҷуҳи ҳозирин бештар ба тарбияи насли наврас дар оила, ҳамкории оила бо мактаб ҷалб карда шуд. Зеро бетаваҷҷуҳии волидайн ба таълиму тарбияи фарзанд ӯро бо роҳи бад мебарад. Гаравидани ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои тундгаро, кӯркӯрона пайравӣ намудан  ба фарҳанг ва урфу одати бегона, истифодаи ғайримақсаднок аз технологияи муосир, нашъмандию  нашъаҷаллобӣ, даст задан ба коррупсия, гирифторӣ ба бемориҳои сироятии хавфнок,  ба мисли ВНМО ВИЧ СПИД, саркашӣ намудан аз хизмат дар сафҳои Артиши миллӣ ва дигар камбудию норасиҳои бо ҳамин монандро  маҳз аз беназоратии падару модар ба таълиму тарбияи фарзанд сар мезанад, - қайд гардид дар баромади масъулияни ҳизбӣ.    

Инчунин,дар идомаи суҳбат  чанде аз аъзои ташкилот баромад намуда, дар баробари миннатдорӣ баён кардан барои ташкилу гузаронидани чунин хониши сиёсӣ  оид ба Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ, донишандӯзии хонандагон таклифҳои судманд пешниҳод намуданд.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg