БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ДАР ОБОДОНИИ ВАТАН- МО ҲАМА МАСЪУЛЕМ!

ҚУБОДИЁН. Дар доираи Соли баланд бардоштани масъулияти шаҳрвандӣ. Бо мақсади тарғиби ҳадафҳои созандаи  ҳизбӣ дар ташкилоти ибтидоии “Қушачинор” хониши сиёсӣ дар мавзӯи “Дарки масъулияти баланди шаҳрвандӣ дар бунёди  ҷомеаи шаҳрвандӣ”  вохӯрӣ доир карда шуд.

Дар ҳамоиш Абдурахимова Фирӯза  қайд намуд, ки ҷовононро дар руҳияи худшиносии миллӣ, ифтихори ватандорӣ тарбия намуда, ҳисси  масъулиятнокии ҳимояи марзу буми Ватан, риояи бечуну чарои қонунгузориро бедор намуд. Дар ҳолати дарки масъулияти фард дар ҷомеа   метавон ҷомеаи комил бунёд намуд.

Ҳамчунин аз иштирокчиён даъват ба амал оварда шуд, ки барои амалӣ намудани Аксияи ҳизбӣ таҳти унвони  “Якҷоя ҳал мекунем!” ва сазовор ҷашн гирифтани 30-солагии Истиқлолияти давлатӣ дар самти  ободонии маҳал саҳмгузор бошанд.   

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg