БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

МАРОСИМИ ҲАҶ

АНДЕША. Яке аз маросимҳои дини мубини Ислом зиёрати хонаи Худо ба ҳисоб мерасад. Ҳар сол бо мақсади адои ин рукни дини Ислом мусулмонони ҷаҳон аз ҷумла шаҳрвандони Ҷумҳурии Точикистон ба Макка сафар мекунанд.

Адои ҳаҷ, албатта, ба шахсони дорои имконияти иқтисодии оилавӣ фарз мебошад. Дар ин маросим ҳоҷиён хонаи Худоро зиёрат намуда, дуои осудагию ободӣ ва серию пурии кишварро мекунанд.

Имсол аз Ҷамоати шаҳраки «Бохтариён» - и ноҳияи Кӯшониён  18- нафар бо мақсади ҳаҷ сафар намудаанд, ки умед дорем, ки пас аз сафар онҳо дар рӯшди ҷумҳуриамон саҳми худро гӯзаронида, мардумро ба покию ростӣ, меҳнатдӯстӣ, хештаншиносӣ даъват намуда, дар замири онҳо таҳаммулкорию, парҳезкорӣ аз хислатҳои бади инсониро тарғиб менамоянд.

Дар ҷамъиятӣ имрӯза шахсоне низ вомехӯранд, аз рӯйи ҳавас, худнамоишдиҳи чандин бор ба ҳаҷ мераванд ва маблағҳои зиёди худро сарф мекунанд.

Ҳамин нуқтаро ба назар гирифта Асосгузори сулҳу ваҳдат – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон борҳо дар суханрониҳояшон қайд мекунанд, ки дасти ёрӣ дароз намудан ба ятимону камбизоатон, саҳм гузоштан дар ободии кишвар, аз ҷумла сохтани роҳҳову об баровардан дар деҳаҳо, сохтмони мактабу бемористонҳо беҳтарин кори савоб буда, шаҳрвандони мо метавонанд, ки пасандозҳои худро барои ин амалҳои нек сарф намоянд.

Имрӯзҳо мебинем, ки бисёр сокинони кишвар ба ин кор машғул ҳастанд.

Маросими ҳаҷ дар ҷумҳурӣ мувофиқӣ моддаи 12-уми Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумхурии Тоҷикистон» сурат мегирад.

Мутобиқи ин модда ҳама гуна маъракаҳо, аз ҷумла гусел ва пешвозгирии ҳоҷиён, ҳоҷизиёрат, ҳоҷиталбон манъ карда шудаанд.

А. Ёров Муовини раиси  Ҷамоати шаҳраки  Бохтариёни ноҳияи Кӯшониён

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg