БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ИСТИҚЛОЛИЯТ ВА НАҚШИ ОН ДАР ШИНОХТИ ТОҶИКИСТОН

АНДЕША. Истиқлолият дар масири шинохти воқеии давлатҳои сайёра нақши бориз дошта, барои муаррифисозии забон, фарҳанг, миллат ва илму адабиёти халқҳои ҷаҳон таъсири бузург дорад. Аслан давлатро бо истиқлолияту забонаш мешиносанд ва дар дигар самтҳои фаъолияти давлатӣ бо он ҳамкорӣ суръат мегирад.

    Дар дарозои таърих миллати тоҷик шебу фароз ва озмоишҳои бисёр сангинро паси сар намуда, дастовардҳои фарҳанги асил, ҳувияти миллӣ, забони модарӣ, илму адабиёти оламгирашро нигоҳ дошт ва хушбахтона имрӯз ҷомеаи ҷаҳонӣ баъзе назарияҳои илмии асоснокшудаю ба воқеият табдилёфтаро ба гузаштагони мо мансуб медонанд.

    Бистуҳашт сол муқаддам пойдевори асосии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон гузошта шуд. Ва дар баробари ба даст овардани ин воқеаи бузурги таърихӣ  Тоҷикистон бо сиёсати созандаи Роҳбари маҳбубу раъиятпарвараш, Пешвои муаззами миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ  Раҳмон дар миёни  кулли давлатҳои ҷомеаи ҷаҳонӣ  шинохт пайдо кард.

   Новобаста аз он, ки Истиқлолият барои халқи Тоҷикистон осон ба даст омад, аммо бар асари огози хушунатҳою бадбиниҳо ва ҷаҳди мансабталошии садорати аҳзоби сиёсӣ ва дигар ташкилотҳои ҷамъиятӣ  кишвари соҳибистиқлоли навтаъсис маҷбур шуд, ки ҷуброни сахту сангинро интизор бошад. Аниқтараш аз сустии пояҳои давлатдорӣ ва ҳануз ҳам ба умеди кохи забунёфтаи Шӯравӣ мондани роҳбарияти онвақтаи Тоҷикистон, инчунин рӯз аз рӯз зиёд шудани мушкилоти иҷтимоию сиёсӣ  авзои сиёсии кишвар ноором гардида, ин ҳодисот оқибат ба ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ оварда расонд.

   Бадбахтона дар ҳамон шабу рӯз тафаккури миллатсозию давлатсозӣ дар умқи дили рушанфикрону сиёсатмадорони давр ва азҳоби сиёсӣ ба таври маҳдуд мечархид. Номуайянию набудани элитаи сиёсии муқтадиру миллӣ, ҳамзамон дахолати бегонагон ба сиёсати дохилии кишвари мо Тоҷикистонро ба майдони ҳарбу зарби ҷанги шаҳрвандӣ таҳрик намуд ва бадбахтона то имрӯз миллату давлати мо аз ҷабри он рӯзҳо нараҳидааст. Ҳанӯз ҳам гурӯҳҳои бадкору хиёнаткор дар фикри таъсиргузорӣ дар ҳаёти сиёсию ҷамъиятии мо мебошанд ва дар ин масир танҳо фаъолияти воқеъбинонаи мо аҳли ҷамоатчигӣ  метавонад барои амалисозии мақсадҳои нопоки онҳо садди боэътимод бошад.

   Ба ҳар суръат, Тоҷикистон алорагми ҳама тангназарию бадбинӣ  имрӯз ҳамаҷониба пеш меравад. Ҳар як гӯшаи Ватан бо азму иродаи қавии сокинон ободу зебо гардида, сатҳу сифати зиндагии сокинон рӯз аз рӯз боло меравад.

    Дар як ноҳияи кӯҳистони Шамсиддин Шоҳин қариб, ки аз асари кӯҳнаи замони гузашта, биноҳои пасту назарногири бобоӣ, кӯчаҳои тангу торики ноҳамвор  қариб, ки нишон намондааст. Имрӯз маркази ноҳия, ки дар заминаи як деҳаи хурди солҳои аввали соҳибистиқлолӣ таъсис ёфта буд ба як шаҳраки замонавӣ табдил ёфтааст. Метавон ёдрас шуд, ки корҳои бунёдкорию ободонӣ бахшида ба таҷлили сазовори 30-солагии Истиқлолияти давлатии  Ҷумҳурии Тоҷикистон барои боз ҳам ободу замонавӣ шудани маркази ноҳия ва дигар нуқоти дурдасти  ноҳияи мо мусоидати фаъол мекунад.

   Душвортарин муаммои мо дар зарфи солҳои соҳибихтиёрӣ ин масъалаи истиқлолияти энергетикӣ буд, ки баъди ба низом даровардани сохтори ҳокимият ҳалли мусби худро ёфт. Имрӯз дар заминаи наздик шудан ба истиқлолияти комили энергетикӣ саноатикунонии  босуръати истеҳсолот ҳамчун ҳадафи чаҳоруми давлат ва  Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳоли амалишавист. Ин раванд барои рушди иқтисодӣ миллӣ, бахусус таъмини  аҳолии қобили меҳнат ба ҷойҳои кори доимӣ, истифодаи ашёи хоми ватанӣ ва дар маҷмуъ афзоиши даромадҳои давлатӣ мусоидат мекунад.

    Дар арафаи 28-умин солгарди таҷлили Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба истифода додани чархаи дуюми Неругоҳи барқи обии «Рогун»  ҳамчун рӯйдоди таърихии арзишманд барои ҳар як тоҷику тоҷикистонӣ хеле азизу муқаддас буда, обрӯю нуфузи давлати соҳибихтиёри моро дар арсаи ҷаҳонӣ боз ҳам баланд мебардорад.

    Соҳибистиқлолӣ имкон фароҳам овард, ки Тоҷикистон аъзои созмонҳои бонуфузи ҷаҳонӣ ва дорои ҳуқуқи пешниҳоди афкору таклиф дар ҳалли масъалаҳои матраҳшаванда дар сайёра бошад. Мо ҳамагон доиман эҳсос мекунем, ки таклифу пешниҳодоти Тоҷикистон  зери роҳбарии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои  миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар сатҳи ҷаласаҳои созмонҳои бонуфӯз ҳамаҷониба пазирӯфта шуда, ҳамкориҳои байнидавлатӣ дар дигар самтҳои фаъолияти давлатдорӣ шаклу тартиби навро касб мекунанд.

   Умуман кишвари мо имрӯз на танҳо мушкилоти ҷойдошта дар дохил, балки барои мусоидат ба мушкилоти ҷойдошта дар сайёра  пешниҳод ва масъалагузорӣ мекунад, ки ин рӯйдод боиси ифтихору сарбаландист.

   Истиқлолият он интизориҳое, ки мардуми мо дошт барои  ҳар яки мо фароҳам овард. Дар ҳоли ҳазир бо шарофати соҳибистиқлолӣ ҳамаи соҳаҳои хоҷагии халқи мамлакат баробар рушд карда, бо шарофати раванди ҷаҳонишавӣ ва огоҳӣ пайдо намудан аз пешрафту тараққиёти давлатҳои  сайёраю ҳамкориҳои мутақобилаи байнидавлатӣ Тоҷикистони  маҳбуби мо рӯз аз рӯз  ободу зебо мегардад.

Ҳамаи фарзандони бонангу номуси миллати мо рисолати давлатдории миллӣ ва қарзи муқаддаси шаҳрвандиро дарк карда, барои ҳифзи дастовардҳои истиқлолият, пуштибонии амнияти миллию давлатӣ, таҳкими сулҳу ваҳдат ва суботи сиёсӣ, таъмини рушди иқтисодӣ ва пешрафти ватани азиз нерӯю  заҳмати  худро  дареғ  нахоҳанд  дошт.     

Толибҷон Назарзода, раиси КИ ҲХДТ дар ноҳияи Шамсиддин Шоҳин

 

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg