БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

АМАЛҲОИ КОРРУПСИОНИ БА МИСЛИ ТЕРРОРИЗМУ ЭКСТЕРМИЗМ ХАТАРИ ЗИЁД ДОРАНД!

ҶАЙҲУН. Дар доираи “Соли баланд бардоштани масъулияти шаҳрвандӣ”. Дар ташкилоти ибтидоии «Моҳи мунир» чорабинии фаҳмондадиҳии ҳизбӣ бо иштироки корманди масъули Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Ҷайҳун атрофи самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ баргузор гардид.

Зимни вохӯрӣ  мудири шуъбаи таблиғот, итиллоот ва матбуоти Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Ҷайҳун Бекмамадов Асалмамад оид ба мавзӯъи «Амалҳои коррупсиони ба мисли терроризм ва экстермизм хатари зиёд доранд!», баромад намуда қайд кард, ки коррупсия яке аз омилҳои нангин ва хатарноки ҷомеа ба ҳисоб рафта, дар радифи терроризму экстермизм ба амнияти миллӣ ва истиқлолияти давлатӣ таҳдид менамояд. Метавон гуфт, ки мавҷудияти ин амали номатлуб ҳам ҷанбаи манфии маънавӣ, ҳам ҳуқуқию сиёсӣ ва ҳам амниятӣ дорад. Аз ин рӯ, мубориза алайҳи ин омили хатарноки ҷомеа вазифаи нафақат мақомоти давлатӣ, балкӣ ҷомеа ва ниҳодҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ низ дониста мешавад.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg