БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

КОНФЕРЕНСИЯИ ИЛМӢ-НАЗАРИЯВӢ БАХШИДА БА 28-УМИН СОЛГАРДИ ИСТИҚЛОЛИЯТИ ДАВЛАТӢ

Н.ХУСРАВ.  Дар доираи Соли баланд бардоштани масъулияти шаҳрвандӣ. Бахшида  ба  сазовор  истиқбол гирифтани ҷашни 28-солагии  Истиқлолияти  давлатӣ   дар   маҷлисгоҳи  муассисаи  таҳсилоти  миёнаи  умумии  №26-и  ноҳия  Конференсияи   илмӣ-назариявӣ  таҳти  унвонии “Муқаддасоти  миллӣ -ҳастӣ  ва  ифтихори  миллии  мо  мебошад” бо иштироки  васеи  омӯзгорон ва  кормандони  соҳаи  маорифи  ноҳия баргузор  гардид.

Раиси  Кумитаи иҷроияи   ҲХДТ  дар  ноҳияи Носири Хусрав   Ализода  Сураё  қайд  намуд, ки  муқаддасоти  миллӣ  ин  ифтихори  миллии  ҳар  як  тоҷику  тоҷикистонӣ  буда,  ҳифзу  посдории  он вазифаи  ҳар  яки  мо  мебошад. Аҳли маориф,   аз  ҷумла  омӯзгорон тадбирҳои  таъсирбахш  чиҳати  тарбияи  наврасону  ҷавонон дар  руҳия  созандагию  ватандӯстӣ ва  эҳтиром  ба  муқаддасоти   миллию  талаботи  қонунгузорӣ, инчунин  пешгирии   онҳо аз  гаравидан ба  ҳар  гуна  гурӯҳҳои  ифротиву  террористӣ  тадбирҳои   таъсирбахш  андешанд.

 

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg