БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ҲХДТ ДАР ҲАМАИ САМТҲОИ МУХТАЛИФИ КИШВАР НАҚШИ МУҲИМ ДОРАД

ДАНҒАРА. Дар доираи Соли баланд бардоштани масъулияти шаҳрвандӣ. Дар ташкилоти ибтидоии “Варзишгоҳи марказии ноҳияи Данғара” хониши сиёсӣ  оид ба самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҳизбӣ баргузор гардид.

Каримзода Пирмуҳаммад Авғон   раиси  Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳия оид ба фаъол гардонидани аҳолӣ дар самти пешгирӣ аз бегонапарастию майл ба фарҳанги бегона бо мақсади ҳифзи ҳуввияту асолати миллӣ, баланд бардоштани маърифат ва масъулияти шаҳрвандон бо мақсади пешгирӣ аз паҳншавии бемориҳои сироятӣ, эълон гардидани солҳои 2019-2021 Соли рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ,  ба мардум фаҳмонидани моҳияти қонунҳои миллӣ  ва дар ин замина дуруст сафарбар кардани хайру сахо  ба хотири рушди иқтисодиву иҷтимоӣ ва маънавию фарҳангии ҷомеа суханронӣ намуда, ҷамъомадагонро ба ватандӯстиву хештаншиносӣ даъват намуд.

 

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg