БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ГУРӮҲҲОИ ТЕРРОРИСТӢ ВА ЭКСТРЕМИСТӢ БА ДИНИ МУБИНИ ИСЛОМ ЯГОН РОБИТА НАДОРАД!

БОХТАР. Дар доираи “Соли баланд бардоштани масъулияти шаҳрвандӣ”. Дар ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Маҳаллаи Ҷаъфар Абдуллоев”-и шаҳри Бохтар хонишҳои сиёсӣ доир карда шуд.

Дар вохӯрии мазкур раиси КИ ҲХДТ дар шаҳри Бохтар Наҷидуллозода Насриддин Вафо, сархатиб масҷиди марказии шаҳри Бохтар Нуров У. ва дигарон иштирок доштанд.

Дар оғоз Нуров У. суханронӣ намуда, доир ба пешгирии ҷавонон аз шолимшавӣ ба ҳизбу ҳаракатҳои террористиву экстремистӣ, тарғиби фарҳангӣ миллӣ, арҷгузоштан ба арзишҳои динӣ, милливу инсонӣ ва ғайра ибрози назар кард.  

Дар идома Наҷидуллозода Насриддин доир ба ҳадафҳои барномавии ҲХДТ, татбиқи амалии Аксияи ҳизбӣ таҳти унвони “Якҷоя ҳал мекунем!”, дастгирии қишри ниёзмандӣ ҷомеа, таъмири муассисаҳои таълимӣ ва ғайра баромад кард.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg