БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

КОРРУПСИЯ - ПАДИДАИ НОМАТЛУБ АСТ!

ВАХШ. Дар доираи “Соли баланд бардоштани масъулияти шаҳрвандӣ”. Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Вахш имрӯз вохӯрии  навбатии худро оид ба яке аз мавзӯҳои мубрами рӯз «Коррупсия   ва роҳҳои мубориза бо он» дар ташкилоти ибтидоии ҳизбии «Роҳи нав-1» Ҷамоати деҳоти Тоҷикободи ноҳия доир намуд.

Нахуст зимни вохӯрӣ Раиси Кумитаи иҷроия  ҲХДТ дар ноҳияи Вахш Одилҷон Маҳмадов қайд карданд, ки  яке аз зуҳуротҳои номатлубе, ки ба ҷомеаи башарӣ зарари ҷиддӣ мерасонад, коррупсия ба шумор меравад. Оқибати амалҳои коррупсионӣ ба паст шудани обрўи ҳар шахс ва паст гаштани эътибори ташкилоту идора оварда мерасонад. Мавриди зикр аст, ки аз замонҳои қадим ҳамаи бузургону донишмандони гузаштаи мо доир ба порадиҳию ришваситонӣ суханҳои нотакрор гуфта, ришвадиҳиву ришваситониро аз бадтарин падидаҳои инсонӣ ба қалам дода, онро роҳҳои халалдор гардидани ҷомеа ва вайрон сохтани зиндагии орому осоиштаи мардум медонанд. Барои  ҷилавгирӣ аз  ин  гуна  амалҳои номатлуб бояд мо ҳама якҷоя муборизаи беамон барем.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg