БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

БАРОИ ФАРЗАНДОНАМОН ШАРОИТИ МУСОИДИ ТАҲСИЛРО ФАРОҲАМ МЕОРЕМ!

ПАНҶ. Дар доираи Соли баланд бардоштани масъулияти шаҳрвандӣ. Бо ташаббуси масъулони Кумитаи иҷроияи ХХДТ дар ноҳияи Панҷ дар ташкилоти ибтидоии  «Саройкамар»-и ҷамоати шаҳраки Панҷ мулоқот роҳандозӣ гардид.

Самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҳизб дар меҳвари мулоқот қарор дода шуда, дар ин бобат раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Панҷ Файзизода Каримҷон муфассал андешаронӣ намуд.

Ҳамзамон, дар давоми баромадаш ў қайд намуд, ки вобаста ба татбиқи Соли рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ вазифаи ҳар як ҳизбӣ бо роҳи тарғиби созанда даъват намудани мардум барои машғул шудан ба хоҷагидорӣ, ҳунарҳои мардумӣ, корҳои хонагӣ ба хотири кам кардани шиддати бекорӣ, бо мақсади беҳтар гардидани вазъи иҷтимоии аҳолӣ  мебошад.

Дар охир дар қисмати амалии Аксияи ҳизбии «Якҷоя ҳал мекунем!» аз ҷониби ташкилоти ибтидоии “Саройккамар”-и шаҳраки Панҷ ба Литсейи №1-и ноҳия масолеҳи сохтмонӣ аз қабили рангу оҳак тақдим крда шуд.

                                                                 

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg