БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ОБОДОНӢ МАРОМИ МО ҲИЗБИЁН АСТ!

ШАҲРИТУЗ. Ба истиқболи сазовори ҷашни 30- солагии Истиқлолияти давлатӣ. Дар ташкилоти ибтидоии “Навобод”-и деҳаи Суғдиёни ҷамоати деҳоти ба номи Худойназар Холматови ноҳияи Шаҳритуз хониши сиёсӣ баргузор карда шуд

Дар рафти хониши сиёсӣ, ки дар он масъулини Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Шаҳритуз иштирок доштанд,  онҳо дар бораи самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҳизб, татбиқи қисмати амалии аксияи ҳизбии «Якҷоя ҳал мекунем!» ва оиди пешгирии ҷавонон аз шомилшави ба ҳизбу ҳаракатҳои ифротӣ, андешаронӣ карданд.

         Тибқи нақша дар муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №30 –и деҳаи Суғдиён бо ташаббуси Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Шаҳритуз ва бо мусоидати раиси деҳаи Суғдиён Норматов Намоз барои тайёрӣ ба соли хониш ва қабули хонандагони нав ба таълимгоҳ ҳашари умумии ҳамдеҳагон ташкил карда шуд, ки бо анҷоми корҳои ободони симои муассиса зебо гардид.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg