БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

БАРОИ ЗИНДАГИИ АРЗАНДАИ ХУД МЕҲНАТ МЕКУНЕМ!

КӮШОНИЁН. Ба истиқболи сазовори ҷашни 30- солагии Истиқлолияти давлатӣ. Бахшида ба сазовор ҷашн гирифтани Рӯзи Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ҷиҳати иҷрои Аксияи таблиғотӣ-амалии ҳизбӣ таҳти унвони “Якҷоя ҳал мекунем” корҳои ободониву созандагӣ, ҳашарҳои умумӣ дар ноҳияи Кӯшониён идома дорад.

Дар  ташкилоти ибтидоии деҳаи “С. Муродов” – и Ҷамоати шаҳраки Бохтариён фаъолон, аъзо ва ҷонибдорони ҲХДТ ба ҳашари умумӣ баромада ҷуйборҳои обгузари деҳаи номбурдаро аз алафҳои бегона ва тоза намудани зери дарахтон рангу бор намудани гирду атрофи деҳа саҳми худро гузоштанд.

Чунин корҳои ободониву хуррамгардонӣ дар партави Аксияи ҳизбӣ дар ҳудуди ноҳия то ҷашни пурифтихори миллат 30- солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо маром идома дошта, дар он фаъолон, аъзо ва ҷонибдорони ҲХДТ иштироки фаъолона доранд.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg